Central AsianResearch Index

ЖУРНАЛИСТИКАИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ВА МАСЪАЛАҲОИ МИЛЛӢ

Дар мақола муайян гардидааст, ки риояи ҳуқуқи миллатҳо ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ, адабиёт, санъат ва маънавиёти ҷомеаҳо яке аз уҳдадориҳои журналистикаи байналхалқӣ аст. Журналистикаи муосири байналхалқӣ бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯи созишҳо бошад, ки он инъикоси дуруст ва беғаразонаи рӯйдодҳои олам, шарҳ, таҳлил ва баррасии объективонаи масоили миллӣ, минтақавӣ ва глобалиро дар бар мегирад. Зимни таҳқиқ маълум карда шуд, ки ВАО-и байналхалқӣ ҳамонгуна ки дар муаррифии миллатҳо ва ба ҳам наздик намудани миллатҳои гуногун мусоидат менамоянд, боз метавонанд дар барангехтани кинаю адоват ва душманӣ миёни миллатҳо саҳм дошта бошад. Ба кадом ҳадаф истифода гардидани ВАО-и байналхалқӣ аз муассисон, сиёсати редаксионии онҳо ва ё дархости фармоишгарон вобастагии бузург дорад. Инчунин дар мақола таҳрифи воқеият дар CNN ва нақши он дар барангехтани баҳсҳои миллӣ, аз ҷумла миёни тоҷикикон ва ӯзбекон, масъалаи муаррифии нодурусти Абуалӣ ибни Сино ва дигар олимони тоҷик дар арсаи байналхалқӣ таҳқиқ гардидааст.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 2 (115)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни