ЖАНРИ ТАЪРИФ ДАР ОДОБИ МУҲОВАРАТИ ТОҶИКӢ
Жанри таъриф дар асоси осори мансури муосири тоҷикӣ ба риштаи таҳлил кашида шудааст. Зикр гардидааст, ки жанри таъриф дар одоби муҳоварати тоҷикӣ ҷойгоҳи махсус дошта, барои барқарор кардани робита вазифаи муҳимро анҷом медиҳад. Таҳқиқи ин жанр дар одоби муҳоварат барои беҳтар кардани сатҳи муошират зарур мебошад. Таъкид шудааст, ки жанри таъриф дар забоншиносии тоҷик бори аввал нисбатан муфассал мавриди баррасӣ ва пажуҳиш қарор гирифтааст. Хусусиятҳои жанри таъриф дар асоси осори адибони тоҷик Садриддин Айнӣ, Баҳром Фирӯз, Фазлиддин Муҳаммадиев, Баҳманёр. Сотим Улуғзода ва дигарон мавриди таҳқиқ қарор гирифта, дар такя ба дидгоҳи назарияи забоншиносии ватаниву хориҷӣ паҳлуҳои гуногун ва хусусиятҳои он дар одоби муҳоварати тоҷикӣ ошкор карда шудааст. Қолабҳои нави жанри таъриф кашф карда, хулоса шудааст, ки гурӯҳе аз онҳоро метавон дар муошират истифода кард. Навгонии мақола ошкор кардани таҳаввул дар жанри таърифи одоби муҳоварати тоҷикӣ мебошад.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · Т. 105, № 4
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП