Central AsianResearch Index

ЖАНРИ СУРУД ДАР ТАҲҚИҚИ Б. ШЕРМУҲАММАДОВ

Муаллиф аввалан, доир ба суруд ҳамчун гунаи маъмули адабиёти гуфтории тоҷикон сухан ронда, қайд мекунад, ки он бо тамомияти вижагиҳои фаровонии вариантҳо аз ҳар ҷиҳат сазовори баррасиҳои ҷиддиву илмӣ буда, аз нигоҳи дастовардҳои илми муосири фолклоршиносӣ дар маркази таҳқиқ қарор додани сурудҳои мардумӣ хусусиёти диди эстетикии халқ ва нуфузи ҷанбаи бадеиро дар бунёди жанрҳои осори гуфторӣ ошкор хоҳад кард. Сониян, муаллиф лозим ва зарур донистааст, ки дар баробари пажӯҳиши жанри суруд аз ҷониби Б.Шермуҳаммадов инчунин, дараҷаи омӯзиши жанри мазкурро тибқи принсипи таърихият ба риштаи таҳқиқот кашида, ҳамзамон, масоили асосии баррасишавандаро ба ду қисми асосӣ – гирдоварию нашр ва пажӯҳиш ҷудо намудааст, то ки ҳар як масъала дар алоҳидагӣ барои хонандаи азиз маълуму рӯшан бошад. Баъдан, муаллиф доир ба гирдоварию нашри сурудҳои халқии тоҷикӣ аз асри ХIХ шуруъ карда, то ба имрӯзҳо ин масоилро тадриҷан нишон дода, ба чунин натиҷа расидааст, ки матни сурудҳои халқӣ дар маҷмуаҳо ба се равиш чоп шудааст: 1) Бо равиши оммавӣ дар канори матнҳои дигар. 2) Бо равиши илмӣ бидуни нота. 3) Бо равиши илмӣ бо нота. Сипас, муаллиф роҷеъ ба пажӯҳиши сурудҳои халқии тоҷикӣ маълумот дода, ҳамаи он асарҳои илмиро, ки дар бораи сурудҳои халқӣ гуфта шудааст, ба се даста ҷудо кардааст: 1) Мақолаҳои ҷудогона, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳо чоп шудааст. 2) Сарсухани маҷмуаҳо, ки дар онҳо роҷеъ ба сурудҳо мушоҳидаҳои таҳиягарон баён гардидааст. 3) Рисолаҳои илмӣ, ки дар онҳо дар канори жанрҳои дигари лирикӣ ё манзум оид ба сурудҳо низ муҳаққиқон ақидаи худро иброз намудаанд.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 4 (117)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни