Central AsianResearch Index

ЖАНР ВА УСТУХОНБАНДИИ АШЪОРИ БАЧАГОНАИ АЛӢ БОБОҶОН

Дар ин мақола роҷеъ ба хусусиятҳои жанрӣ ва устухонбандии ашъори бачагонаи Алӣ Бобоҷон баҳс ороста шудааст. Муаллиф бо такя ба методҳои муқоиса, омор, шинохти жанрҳои адабӣ, сохторшиносии осори адабӣ, шарҳу тафсири осори адабӣ ба ин натиҷа расидааст, ки Алӣ Бобоҷон дар аксари жанрҳои маъмули адабӣ шеър эҷод кардааст. Шеърҳои вай дар жанрҳои суннатии фардбайт, қитъа, маснавӣ, ғазал ва аз жанрҳои ҷадид, чаҳопора, шеъри нимоӣ фароҳам омадаанд. Шоир дар истифодаи жанрҳои адабӣ меъёрҳои назарии адабиётро хуб риоя кардааст. Вай бо маҳорати том ашъори бачагонаашро дар жанрҳои шеъри суннатӣ ва шеъри ҷадид ҷо дода, манзури хонанда кардааст. Маводи таҳқиқшудаи мақола барои ихлосмандони назми бачагона, хосса мутахассисони соҳаи филология муфид хоҳад буд.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 5 (118)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни