ЖАНРҲОИ ХУРДИ ФОЛКЛОРӢ ВА АРЗИШИ ТАЪЛИМИИ ОНҲО
Дар мақолаи мазкур таъсиргузории жанрҳои хурди фолклорӣ чун зарбулмасалу мақолҳо дар таҳсилоти томактабӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифта, роҳу усулу истифодаи онҳо дар раванди муосири таълиму тарбияи кӯдакони хурдсол баррасӣ шудаанд. Кӯдак зимни фарогирӣ бо таҳсилоти томактабӣ кӯшиш мекунад, ки бештар бозӣ ва дилхушӣ намоянд, аммо тавассути зарбулмасалу мақолҳо ҷоннок кардани фаҳмишҳои ҷаҳоншиносии ӯ аз манфиат холӣ нест. Бинобар ин, муҳаққиқони гуногунсоҳа бобати ин масъала таҳқиқи вижа анҷом дода, оқибат ба хулосае омадаанд, ки калонсолон дар ин бобат бояд ба хурдсолон кумак расонанд. Аз ҳамин хотир, кӯдакро бидуни иртибот бо бузургсолон тасаввур кардан нашояд ва дилхоҳ зарбулмасалу мақолҳое, ки афроди калонсол истифода менамоянд, дар хотираи кӯдак сабт мешавад. Ба ибораи дигар, кӯдакон ҳанӯз аз синну соли томактабӣ тавассути бузургсолон бо маънову мундариҷоти зарбулмасалу мақолҳо ошно гардида, бо кумаки онҳо вижагиҳои фолклорро аз худ мекунанд. Фолклор маҷмӯи оммавии фарҳанги шифоҳӣ аст, ки дар таърихи тамаддуни хос ба миллатҳо, хоссатан, зимни тарбия ва таълими кӯдакон дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ нақши муҳимро дорост. Ҳамаи барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилотии томактабӣ анъанаҳои шифоҳии мардумро дар хондан ва фаҳмиши кӯдакон фарогир мебошанд ва истифодаи дилхоҳ фарҳанги шифоҳӣ аз он ҷумла, аз қабили зарбулмасалу мақолҳо дар барномаҳои таълимӣ ворид гардидаанд. Ҳадаф аз омӯзиши жанрҳои хурди фолклорӣ дар кӯдакистонҳо ҷоннок намудани таваҷҷуҳи хурдсолон ба лафзи бадеӣ маҳсуб мешавад ва дар ин раванд рушди тафаккури мантиқии онҳо сурат мепазирад.
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · Т. 10, № 2
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3078-395X
- Издатель
- Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан