Central AsianResearch Index

ЗАРБУЛМАСАЛУ МАҚОЛҲО ҲАМЧУН ВОСИТАИ МУҲИММИ ТАРБИЯИ АХЛОҚӢ ДАР ПЕДАГОГИКАИ ХАЛҚӢ

Дар мақола тарбияи насли наврас, бахусус тарбияи ахлоқӣ тавассути зарбулмасалу мақолҳои халқӣ мавриди таҳлил қарор дода шудааст. Дар ҳақиқат тарбияи насли наврас яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷамъиятӣ маҳсуб ёфта, он таваҷҷуҳи хосаро талаб менамояд. Тамоми халқҳои ҷаҳон, бахусус халқи тоҷик аз замонҳои қадим дар тарбияи фарзанд аз усулу воситаҳои гуногун истифода мекарданд ва то ҳол истифода бурда истодаанд. Бештари педагогон – пажӯҳишгарон таъкид медоранд, ки педагогикаи халқӣ дар тарбияи насли наврас мавқеи калидӣ дорад. Ба ҳамин хотир дар мақолаи мазкур дар бобати тарбияи насли наврас маълумоти мухтасар пешниҳод гардида, зикр карда шудааст, ки дар тарбияи ахлоқии насли наврас тамоми унсурҳои педагогикаи халқӣ , аз қабили суруду афсонаҳои халқӣ, эпосҳо, зарбулмасалу мақолҳо, расму оин, урфу одат, анъана, ҷашну маросимҳо аҳаммияти калонро дорост. Зеро, ин ҳама офаридаи худи халқ буда, бо забони содаву фаҳмо баён шуда, барои кӯдакон дастрас мебошад. Муаллиф дар мақола таъкид менамояд, ки зарбулмасалу мақолҳо дар тарбияи ахлоқии хонандагон нақши муассир бозида, насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсонпарварӣ, ростқавлӣ, хушмуомилагӣ, меҳнатдӯстӣ ва ҳимояи арзишҳои маънавӣ тарбия менамояд. Зарбулмасалҳои халқӣ дар шакле ифода ёфтаанд, ки он ба осонӣ дар хотир нигоҳ дошта шуда, аҳаммияти онҳоро ҳамчун воситаи этнопедагогӣ баланд мебардорад. Умуман, дар раванди тарбияи ахлоқии насли наврас истифодаи фаровони зарбулмасалу мақолҳо натиҷаи хуб медиҳад. Ҳамин тавр, дар мақолаи мазкур вазифаҳои зарбулмасалу мақолҳо ҷамъбандӣ карда шуда, тавсияҳои амалӣ пешниҳод гардидааст.

Сведения

Опубликовано
2026 · Т. 9, № 2 (соц.-гум.)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
3078-395X
Издатель
Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан