ЗАМОНИ ГУЗАШТАИ PASSÉ SIMPLE ДАР ЗАБОНИ ФАРОНСАВӢ
Мақолаи мазкур сухан бобати замони гузаштаи содаи феъл дар забони фаронсавӣ буда, муҳаққиқ ҷиҳати таҳлил ва сохтори замони гузаштаи тамомшуда пажӯҳиш анҷом додааст. Дар мақола саҳми забоншиносони хориҷиву ватанӣ бобати шаклгирии ин замон афкори хешро пешниҳод намудаанд, ки сарчашмаҳои онҳо ба таври муайян дар қавсайн нишон дода шудаанд. Андешаҳои олимони забоншинос аз ҷумла В. Г. Гак, В.В. Виноградов, Ж. Дубуа, Ж. Дамурет ва чанде дигарон дар мақола мавриди назар қарор гирифтаанд. Бояд зикр кард, ки сохтори ин замони гузашта ва шаклгирии он дар забони фаронсавӣ вобаста ба гурӯҳҳои феълӣ ва пасвандҳои махсуси ин гурӯҳҳои феълӣ бо мисолҳо мавриди пажӯҳиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд. Инчунин хусусияти сохтории феълҳои гурӯҳи сеюм ба шакли алоҳида бо пасванди махсус нишон дода шуда ва вобаста ба феълҳои ин гурӯҳ аз луғатҳои калонҳаҷм ба монанди Робер ва китобҳои дарсиву адабӣ ҷумлаҳо иқтибос оварда шудаанд. Тавре ки маълум аст, замон дар забон муҳимтарин нишонаест, ки фазои семантикиро ташкил мекунад, ки дар маърази он гӯянда ягон ҳодисаеро ҷой медиҳад. Ва ин категорияи феълие мебошад, ки муносибати амалро ба лаҳзаи нутқ ба воситаи системаи шаклҳои замони ҳозира, гузашта ва оянда ифода мекунад.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 4
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3105-9228
- Издатель
- Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан