Central AsianResearch Index

ЗАМИНА ТАШАККУЛИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ҒАЗНАВИЁН ВА ОҒОЗИ РАВОБИТ БО ҚАРАХОНИЁН

Хуросон аз лиҳози мавқеияти ҷуғрофиёӣ ва геополитикии худ ҳамвора ҳамчун як маркази тамаддунӣ, иқтисодии тавсеаёфта ва сарзамини дорои сарватҳои фаровону захираҳои бой эътироф мегардид. Ин минтақа дар асрҳои миёна дар мақоми шоҳроҳи тиҷоратии кишварҳои мухталиф қарор дошт, ки ин амр таваҷҷуҳи доимии қудратҳои минтақавиро ба самти ин қаламрави судманд ҷалб менамуд. Ҳангоме ки Ғазнавиён тавонистанд бо такя ба сиёсати ҳушмандона ва имтиёзҳои бадастоварда, ин сарзаминро таҳти тасарруфи хеш дароваранд, садоқати зоҳирии онҳо нисбат ба Сомониён ба талош барои истиқлолияти комил ва ҳокимияти мутлақ табдил ёфт. Аз сӯйи дигар, Қарахониён низ, ки дар фурӯпошии императории Сомониён нақши калидӣ доштанд, фурсати муносибро барои нуфуз дар ин минтақа мусоид диданд.

Сведения

Опубликовано
2026 · Т. 10, № 2
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
3078-395X
Издатель
Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан