ЗАМИНАҲОИ ҲУҚУҚИИ ФАЪОЛИЯТИ ҶАМЪИЯТӢВА СИЁСИИ ЗАНОН ДАР ТОҶИКИСТОНИ ШӮРАВӢ (СОЛҳОИ 1918-1991)
Дар мақола доир ба масъалаи заминаи ҳуқуқии фаъолияти занон дар Тоҷикистони шӯравӣ сухан рафта, муаллиф дар асоси маводи матбуоти солҳои шӯравӣ ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор додааст. Тазаккур меравад, ки гарчанде дар конститутсияи аввалини шӯравӣ ҳуқуқи занҳо бо мардон баробар муқаррар гардида бошад ҳам, анъанаҳои хонаводагӣ ва баъзе урфу одатҳои кӯҳнапарастӣ барои фаъолияти пурсамари занони тоҷик дар ҷодаҳои мухталифи хоҷагии халқ монеа эҷод мекард. Дар ин радиф фаъолияти таргиботии як қатор занони тоҷик дар ҳалли муаммои мазкур то ҷое мусоидат намудааст. Муаллиф дар мақола масъалаҳои номбурдаро дар асоси далелҳои мӯътамад, бо услуби фаҳмои илмӣ таҳлил намудааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2021 · № 2 (67)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2077-4990
- Издатель
- Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова