Central AsianResearch Index

ЗАМИНАҲОИ ТАШАККУЛИ МАРКАЗҲОИ ИЛМИИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ МИЁНА

Дар мақолаи мазкур заминаҳои ташаккули марказҳои илмӣ дар Осиёи Миёна дар асоси манбаҳои таърихии мавҷуда мавриди омӯзиш қарор гирифта, ҳамчунин аз ҷониби муаллифон якчанд омили пайдоиши марказҳои илмӣ пешниҳод гардидааст. Қайд гардидааст, ки заминаи ташакули илму фарҳанг дар Осиёи Миёна ҳанӯз аз давраҳои қадим ба вуҷуд омадааст. Ҳамзамон, таълиф гардидани китоби «Авесто»-ро дар ин минтақа ҳамчун аснод ишора кардаанд. Муаллифони мақола кӯшиш намудаанд, ки масъалаи мавриди таҳқиқро дар Осиёи Миёна аз давраи таъсиси хилофати Араб то давраи давлатдории Сомониён мавриди таҳлилу омӯзиш қарор диҳанд. Вале, пеш аз ин мавҷудияти марказҳои илмӣ ва равнақ ёфтани илму фанро дар замони Сосониён ишора намуда, таъкид кардаанд, ки маҳз мавҷудияти ҳамин марказҳо боиси ташаккули илму фанн дар минтақа ва ҳамчун замина ҷиҳати дар оянда рушд ёфтани он дар давраҳои минбаъда гардидааст. Ҳамчунин муаллифон қайд мекунанд, ки бо ташкил шудани хилофати Араб ва мустаҳкам гардидани иқтидори сиёсии он арабҳо дарк намуданд, ки бе рушди илму фанн пеш бурдани сиёсати давлатӣ ва рушди ҷомеъа имконнопазир аст. Бинобар ин, онҳо тадриҷан ба рушди илму фанн таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд. Сиёсати давлатии хилофати Араб дар охири асри VIII ва оғози асри IX мустаҳкам гардида, барои рушди илму фарҳанг имконият фароҳам сохт. Дар ин замина дар маркази хилофат шаҳри Бағдод илму фанн босуръат рушд ёфт. Илова бар ин, хилофати Арабро мебоист, ки ҷиҳати рушди иқтисодии кишвар бо кишварҳои ҳамсоя муносибатҳои тиҷоратиро ба роҳ монад. Албатта тиҷорат ҳам бо роҳи хушкӣ ва ҳам бо роҳи обӣ сурат мегирифт. Корвонҳои тиҷоратиро лозим буд, ки аз як минтақа ба дигар минтақаи кишвар тули ҳафтаҳо ва моҳҳо дар роҳ бошанд ва ин барои роҳ гум накардан дар биёбонҳо донистани илмҳои табиатшиносӣ, ба вижа нуҷумро тақозо мекард, то тавонанд тавассути ситораҳо роҳро муайян карда, самти ҳаракати худро гум накунанд. Хулоса муаллифон дар асоси сарчашмаҳои таърихии мавҷуда ва мадракоти ба даст дошта масъаларо таҳлил намуда, фикру андешаҳои худро низ баён кардаанд. Ҳамчунин дар охир чанд омили рушди илму фарҳангро дар Осиёи Миёна ҳамчун нуқтаи назари худ баён кардаанд. Аз таҳлили мақола бар меояд, ки муаллифон вазифаҳои дар назди худ гузошташударо дуруст иҷро карда ба мақсади ниҳоии худ расидаанд.

Сведения

Опубликовано
2026 · Т. 9, № 2 (соц.-гум.)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
3078-395X
Издатель
Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан