ЗАМИНАҲОИ ТАЪРИХИИ АНДЕШАҲОИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА ПЕРОМУНИ РӮЗГОРИ ИҶТИМОИИ ҲИНДУВОН
Дар ин мақола муаллифон доир ба раванди таърихии инкишофи робитаҳои мардуми ҳинду тоҷик ва заминаҳои ба он мусоидаткунанда назари таҳқиқие баён намудаанд. Махсусан, андешаҳои Мирзо Турсунзода перомуни кишвари биҳиштосои Ҳиндустон, ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангии мардуми гуногунмиллату сермазҳаби он хеле ҷолиби таваҷҷуҳ мебошад. Муаллифон зимни баррасии масъалаи мазкур ба он бештар таваҷҷуҳ додаанд, ки таърихи пайдоиш ва густариши муносибатҳои илмӣ, фарҳангӣ ва сиёсии мардуми тоҷикро бо халқи амнпарвари Ҳиндустонро мухтасар ба хонанда пешкаш намоянд. Ҳамчунин заҳматҳои фарзандони муборизи Ҳиндустонро ба монанди М. Ганди ва Ҷ. Неҳру ҷиҳати ба даст овардани истиқлолияти кишвар аз мустамликадорони англис хотирнишон намоянд. Дар мақола доир ба вуруди ҷашни байналмилалии Наврӯз ба Ҳиндустон, пояҳояи густариши он дар замони пешин ва мақоми расмӣ гирифтани он дар кишвари имрӯзаи Ҳиндустон мунъакис гаштааст. Муаллифон тавонистаанд нишон диҳанд, ки М. Турсунзода то кадом андоза ҳангоми ба қалам овардани силсилаи «Қиссаи Ҳиндустон» паҳлӯҳои нуҳуфта ва муҳими зиндагии мардуми Ҳинд, заминаҳои мушкилоти иҷтимоии рӯзгори онҳо муваффақ гаштааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 2 (115)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни