ЗАМИНАҲОИ СИЁСӢ ВА ИҶТИМОИИ ТАЪСИСИ ВАО-и СОҲАВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Мақсад. Мақсади таълифи мақолаи мазкур таҳқиқи заминаҳои сиёсӣ ва иҷтимоии таъсиси ВАО-и соҳавӣ дар Тоҷикистон . Дар мақола оид ба моҳият ва рисолати ВАО-и соҳавӣ дар шароити муосир сухан меравад. Муаллифон оид ба пайдоиши соҳавият дар воситаҳои ахбори омма, ки аз матбуот оғоз мегардад, маълумот медиҳанд. Онҳо таъкид менамояд, ки соҳавият дар воситаҳои ахбори оммаи тоҷик дар нашри аввалин рӯзномаҳои тоҷикӣ пайдо гардида, то имрӯз ташаккул ёфтаанд. Дар шабакаҳои телевизионӣ бошад, нахустбарномаҳои соҳавӣ бахшида ба фарҳанг, санъат, тандурустӣ, ҳуқуқ ва ғайраҳо ба миён омада, то кунун рушд намудаанд. Усул. Зимни таълифи мақола муаллифон аз усулҳои оморӣ, аз ҷумла ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот оид ба ВАО-и соҳавӣ ва масъалаҳои дар онҳо баррасишаванда истифода намудаанд. Таҳқиқи мазкур ҷанбаи назариявӣ дошта, зимни баррасӣ ба заминаҳои назариявии муаллифони ватанию хориҷӣ оид ба назарияи иттилоот ва мухобироти оммавӣ такя карда шудааст. Натиҷа. Дар замони ҷаҳонишавӣ ва истифодаи бемайлони шабакаи Интернет аз тарафи аҳолӣ боиси ба амал омадани тағйиротҳои куллӣ дар байни ВАО шуда, боиси таъсисёбии расонаҳои соҳавӣ гардидааст. Рисолати ин гуна шабакаҳо аз он иборат аст, ки бо зарурати замони муосир доир ба соҳаҳои муҳимми ҳаёти иҷтимоӣ фаъолият намуда, бобати фаъолияти соҳаҳои мушаххас ба аудитория барномаҳои касбии соҳавӣ пешниҳод намоянд. Баъд аз ба Истиқлоли давлатӣ расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита бо дастгириву ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи телевизион як қатор шабакаҳои телевизионии соҳавӣ таъсис дода шуданд. Ба ин гуруҳ шабакаҳои телевизионҳои соҳавии «Сафина», Баҳористон», «Ҷаҳонннамо», «Варзиш», «Синамо», «Футбол», «Шаҳнавоз», «Илм ва табиат» ва «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дохил мешаванд. Хулоса. Муаллифон ба хулоса меоянд, ки дигаргуниҳои куллӣ боиси гардидаанд, то дар низоми воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон , махсусан телевизионҳои соҳавии ватанӣ ба мавқеъ ва нақши намоён гузоштан соҳиб гарданд. Фаъолияти онҳо дар фаро гирифтани соҳаҳои гуногуни муҳимми ҳаёти ҷомеа ва ҳалли мушкилоти мухталифи соҳавӣ назаррас мебошад. Хулосаи дигар ин аст, ки ҳоло шабакаҳои телевизионии соҳавии мамлакат дар пурра гардонидани фазои хабарии кишвар, ҳифзи амнияти иттилоотӣ ҳамчун яке воситаҳои муқтадири таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа мавқеи махсус дошта, дар огоҳонидан ва пешгирии хатарҳои ҷаҳони муосир нақши муҳим мебозанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · Т. 9, № 2 (соц.-гум.)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3078-395X
- Издатель
- Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан