ЗАМИНАҲОИ НАЗАРИЯВИИ ТАНЗИМИ ДАРОМАДҲОИ АҲОЛЇ
Новобаста аз он ки даромади аҳолї объекти таҳқиқоти доираи васеи муҳаққиқон, шуруъ аз намояндагони мактаби классикї то иқтисодчиѐни муосир маҳсуб меѐбад, масъалаи мазкур то ба ҳол мубрамияти омўзиши худро аз даст надодааст. Хусусан, дар шароити мураккаб гардидани муносибатҳо ва таъсири манфии омилҳои гуногун танзими даромадҳои аҳолї муҳим арзѐбї мегардад. Дар қисмати таҳлилии мақола нуқтаи назари Љ.М.Кейнс, Э.Хансен, С.Харрис, Ҷ.Кларк, Д.Харрод, П.Самуэлсон, Л.Эрхард, Л.Мизес, М.Фридмен, Ф.Хайек, А.Лаффер, М.Фелдстайн, П.Самуэлсон, В.Леонтев, Д.Хикс ва ғ. оид ба мазмуни даромадҳои аҳолї ва танзими онҳо мавриди таҳлил ва омўзиш қарор дода шудааст. Аз натиљаи омўзиши сарчашмаҳои адабиѐти илмї нуқтаи назари иқтисодчиѐн оиди танзими даромадҳои аҳолї вобаста ба равияҳои гуногун дар шакли љадвал ба низом дароварда шудааст. Муайян карда мешавад, ки гурўҳе аз мутафаккирони илми иқтисодї ҷонибдори дахолати давлатии танзими даромадҳои аҳолї мебошанд ва гурўҳи дигар дахолати давлатиро ба рафти ташаккул ва тақсимоти даромадҳои аҳолї қабул надошта, тарафдори механизми худтанзимкунии бозори даромадҳои аҳолї мебошанд. Дар қисмати љамъбастии мақола механизмҳои танзими даромадҳои аҳолї арзѐбї карда шуда, хулосаю пешниҳодҳои мувофиқ бароварда шудааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2022 · № 1 (30)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет