ЗАМИНАҳОИ НАЗАРИЯВИИ МАСОИЛИ ГЕОМЕТРӣ ДАР “КИТОБ-УШ-ШИФО”-И АБӯАЛӣИБНИ СИНО
Дар мақола муаллиф фаслҳоириёзии асари барҷастаи феҳрастии Абӯалӣ ибни Сино “Китоб-уш-шифо” -ро дар масъалаҳои марбут ба илми риёзӣ, геометрия ва планиметрия омӯхтааст. Қайд мешавад, ки дар баробари он, ки китоби Ибни Сино фарогири илмҳои зиёде аст, дар он инчунин дар заминаи асари атиқии «Ибтидо»-и Уқлидус таҳқиқоти илми риёзӣ анҷом дода шудааст. Муаллифи мақола таҳлили мухтасари монандӣ ва тафовути байни ду асари бузургро анҷом дода, ҳамчунин ба иловаҳо ва истисноҳои Сино ишора кардааст. Муаллиф асари Синоро ҳамчун воситаи таълимии дастрас ва фаҳмо дар омӯзиши асосҳои математика арзёбӣ мекунад . “Китоб-уш-шифо ” якчанд консепсияи пешқадами олимони шарқро дар бар мегирад, ки барои рушди минбаъдаи илми математика , назарияи таносуб ва ададҳо заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2020 · № 3 (64)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2077-4990
- Издатель
- Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова