ЗАМИНАҲОИ МУҲОҶИРКУНИИ ДЕҲҚОНОНИ ВИЛОЯТИ ҒАРМ БА ВОДИИ ВАХШ
Муаллифон дар мақолаи мазкур доир ба раванди муҳоҷиркунӣ дар солҳои 20-30-юми асри XX сабаб, мақсад, дурнамо ва монеаҳои муҳоҷиркунӣ маълумот додааст. Муҳоҷиркунӣ яке аз низоми нақшавии Иттиҳоди Шӯравӣ, махсусан Ҷумҳурии Шӯравӣ Сотсиалисти Тоҷикистон ба шумор рафта, давра ба давра гузаронида мешуд. Мақсади асосии муҳоҷиркунии деҳқонони баландкуҳ ба заминҳои ҳамвори водии Вахш , азхудкардани заминҳои нав ва пешрафти истеҳсолоту иқтисодиѐти кишвар буд. Аз сабаби кам будани шумораи заминҳои корам дар вилояти Ғарм (Рашт) деҳқонон бештар аз ин минтақа муҳоҷир гардиданд. Дар қатори деҳқонони вилояти Ғарм , инчунин аз Масчоҳи куҳӣ ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон низ муҳоҷир гардида буданд. Хулоса, раванди муҳоҷиркунӣ сиѐсати Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумор рафта, мақсади асосии он азхуд намудани заминҳои бекорхобидаи водии фарохи Вахш буд. Гарчанде, дар ҷараѐни муҳоҷиркунӣ каҷравиҳои зиѐде аз тарафи кормандони ҳизбӣ ва мутассадиѐни ин чорабинӣ вуҷуд дошт, аммо деҳқонон мақсади муҳоҷиркуниро фаҳмида фаъолияти баланди кории хешро нишон доданд.
Сведения
- Журнал
- Bulletin of the Tajik Pedagogical Institute in Rasht District. Law, History and Economics Series
- Опубликовано
- 2024 · Т. 2, № 2
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3079-1758
- Издатель
- Таджикский педагогический институт в Раштском районе