ЗАМИНАҲОИ АСОСИИ ТАШКИЛИ НИЗОМИ ИННОВАТСИОНИИ САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Масоили асосии ташкили низоми инноватсионии саноати Ҷумҳурии Тоқикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Зикр гардидааст, ки маҳз фаъолияти инноватсионӣ омили асосии рушди рақобатпазирӣ ва васеъ гардидани миқёси тиҷорат, афзоиши даромади аҳолӣ, рушди хоҷагидории миллӣ мебошад. Заминаи ташкил намудани низомҳои саноати инноватсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи макроиқтисодиёт аз як қатор омилҳои бунёдӣ, аз қабили сатҳ ва сифати ташаккули низоми инноватсионии миллӣ ва муҳити ба он созгор вобаста аст. Заминаҳои дигари рушди инноватсионии низоми саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон сармоягузорӣ ба корҳои илми-тадқиқотӣ, ташаккулёбӣ ва рушди рафтори инноватсионии корхонаҳои низоми саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · Т. 94, № 1
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2411-1945 · 3005-8023
- Издатель
- ТГУПБП