ЗАМИНАҲО ВА ОМИЛҲОИ ПАЙДОИШИ САФАРНОМА
Сафарнома баъд аз осори манзум ҷузъи муҳими адабиёти тоҷик буда, мутассифона, заминаҳои таърихӣ ва омилҳои пайдоишу таҳаввули он ба дараҷае, ки лозим аст, омӯхта нашудааст. Ба ин далел, дар ин мақола мо саъй намудем, ки ҷараёни пайдоиш ва шаклгирии ин намуди адабиро дар матни воқеиятҳои замонҳои мухталиф таҳқиқ карда, заминаҳо ва ангезаҳои зуҳур ва ташаккули онро аз оғоз то ибтидои садаи бистум муайян ва мушаххас намоем. Ба ин тартиб, дар мақола таърихи сафарноманависӣ аз ибтидо то давраи зикршуда баррасӣ шуда, заминаҳо ва ангезаҳои пайдоиш ва инкишофи он дар давраҳои гуногун мушаххас карда шудааст. Дар ин замина нахустин намунаҳои он, аз ҷумла сафарномаҳои хаёлӣ ва воқеӣ, ки шакли ибтидоии ин жанр мебошанд, таҳлил ва арзёбӣ гардидаанд. Ҳамчунин масъалаҳои таъсири сиёсатҳои замон, мафкураи мазҳабӣ, вазъи иҷтимоиву сиёсӣ , ҷараёни мустамликадорӣ ва нуфӯзи қудратҳои ғосиб дар шаклгирии жанри сафарнома ба таври мушаххас таҳлил ва равиши инкишофу хусусиятҳои сохтори мундариҷавию ғоявии ин жанр дар такя бо сафарномаҳои дар давраҳои гуногун эҷодшуда муайян гардидааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 3 (116)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни