Central AsianResearch Index

ЗАКАРИЁИ РОЗӢ – ОЛИМИ ЭНСИКЛОПЕДИСТИ САТҲИ ҶАҲОНӢ

Мақола ба ҳаёт ва фаъолияти илмию энсиклопедии олими барҷастаи форсу тоҷик Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ бахшида шудааст. Гуфта мешавад, ки Закариёи Розӣ яке аз бузургтарин олимони энсиклопедисти асримиёнагии форс-тоҷик буда, доир ба тиб , химия, физика, мантиқ, ҳайат, нуҷум, илоҳиётшиносӣ ва ғайра асарҳои мондагор офаридааст. Бахусус осори тиббии ӯ, ки ҳанӯз дар асри XIII дар Аврупо тарҷума шуда буд, ба ин олими ҳаммадони тоҷик шуҳрати ҷаҳонӣ бахшидааст. Вай дар риштаҳои улуми тибб, фалсафа, химия, физика ихтирооту кашфиёти зиёде намуда дар ташаккулу такомули илми ҷаҳонӣ саҳми бузург гузоштааст. Бахусус китобҳои «Тибби Мансурӣ» ва «Ал-Ҳовӣ»-и ӯ дар риштаи тиб борҳо дар Аврупо ба забонҳои лотинӣ, олмонӣ, англисӣ ва ғайра тарҷума ва табъу нашр гардида, то асри XVII дар донишгоҳҳои кишварҳои аврупоӣ ҷузъи муҳимми китобҳои дарсӣ ба ҳисоб мерафтанд.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 5 (118)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни