Central AsianResearch Index

ЗАБОНИ ХУСРАВӢ – НОМИ ДИГАРИ ТАЪРИХИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ДАР «ШОҲНОМА»

Дар мақолаи мавриди назар таъкид шудааст, ки дар «Шоҳнома” -и безаволи Фирдавсӣ ба сифати ҳамосаи бузурги миллӣ забони модарии мо дар баробари номҳои маъмули таърихии « порсӣ », « порсии дарӣ », « дарӣ » ҳамчунин бо номи нодири « хусравӣ » ёд шудааст, ки ин ном ҳам ба таърихи пурифтихори пешиниёни мо алоқаманд буда, ҷолиб ва қобили мулоҳиза ба назар мерасад. Таъйид гардидааст, ки вожаи «Шоҳнома», яъне беҳтарин нома ё номаи шоҳон ва муродифи он – ибораи «номаи хусравон» бо забони хусравӣ ба маънии забони дарию дарборӣ пайванди бунёдию усулӣ доранд ва хусравӣ ном бурдани забон андешаи аксари муҳаққиқонро дар бобати забони шоҳону хусравон ва аҳли дарбор будани забони дарӣ комилан ба исбот мерасонад.

Сведения

Журнал
Historian
Опубликовано
2025 · № 1 (41)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2709-7382
Издатель
ИНСТИТУТ ИСТОРИИ, АРХЕОЛОГИИ И ЭТНОГРАФИИ ИМЕНИ АХМАДА ДОНИША НАЦИОНАЛЬНОЙ АКАДЕМИИ НАУК ТАДЖИКИСТАНА