Central AsianResearch Index

ЗАБОН ВА УСЛУБИ НАСРИ САТТОР ТУРСУН

Саттор Турсун яке аз нависандагони муваффақ дар адабиёти муосири тоҷикӣ шинохта шудааст, ки осори зиёд дар навъҳои ҳикоя , повест ва роман эҷод кардааст. Забони насри Саттор Турсун равону шево ва пур аз боигариҳои луғавии забони тоҷикӣ буда, дар пироҳани зебои бадеӣ бо фарогирии унсурҳои гуфтугӯии роиҷи тоҷикӣ офарида шудаанд. Дар асарҳои нависанда унсурҳои шевагии дағал, ки хоси як маҳалли тоҷикнишин бошад, ба назар намерасад. Тарзи баёни андешаҳои қаҳрамонҳои ҳикоёту повестҳо ва романи «Се рӯзи як баҳор» бо меъёри забони адабӣ ва нутқи гуфтугӯӣ корбаст гардидаанд, ки завқбахшанд. Дар мубоҳисаҳо, мунозираҳо ва монологҳо, ки дар асарҳои Саттор Турсун хеле зиёданд, ҳангоми шиддат гирифтани сужети воқеаҳо баъзан ифодаҳои ҳақорату дашном ва вожаву ибораҳои арабиву русӣ ба кор рафтаанд, ки ҳамагӣ дар мавқеи худ мувофиқанд.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 1 (114)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Русский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни