Central AsianResearch Index

ЯШПАЛ АДИБИ МУБОРИЗ

Дар давраҳои гуногуни таърихӣ мардуми бисёр кишварҳои олам ба ҷангҳо, ғоратгариҳо ва азобу шиканҷаи зиёде рӯ ба рӯ мегардиданд. Мардуми Ҳиндустон низ аз ҷумлаи онҳоеанд, ки асрҳои зиёд зери зулму истисмори аҷнабиён қарор гирифта буданд. Инчунин риояи сахти урфу анъанаҳои куҳнашуда низ аҳволи оммаро вазнинтар мегардонд. Ин ҳолатро дида, адибони пешқадам ҳамеша кушиш мекарданд бар зиди ин беадолатиҳо мубориза баранд. Аз ҷумла нақши ингуна муборизони ватан дар асри 20 хеле муҳиму назаррас буд. Дар нимаи аввали асри ХХ ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳӣ дар Ҳиндустон ниҳоят авҷ гирифт ва адибони пешқадами ин мамлакат дар сафи пеши ин муборизаҳо буданд. Ин ҳаракатҳо то соли 1947 идома ёфтанд ва дар ҳамин сол мардумони кишвари Ҳинд аз зулму истисмори англисҳо озод шуданд. Яшпал аз ҷумлаи ҳамон нависандагоне буд, ки тамоми роҳу воситаи муборизаро барои озодии кишвар аз зулми мустамликадорони англис истифода бурдааст. Ӯ дар ин ҷода на танҳо бо қалам, балки яроқро ҳам ба даст гирифта мубориза бурдааст. Ҳамин мубориза сабаб шудааст, ки адиб якчанд соли ҳаёташро дар маҳбас гузаронад. Ҳамингуна фаъолияти сиёсиаш ӯро ҳамчун нависандаи далер ва муборизи роҳи озодӣ дар тамоми Ҳиндустон маъруф гардонид. Дар ин мақола мо оид ба ин адиби пешқадам, ҳаёту фаъолият, осори адабӣ ва ҷонфидоиҳояш барои озодии кишвари Ҳиндустон чанд нуқтарозикр карданӣ ҳастем.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 5 (118)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни