Central AsianResearch Index

ЯК НАЗАР БА ТАЪРИХИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ-ФОРСӢ ДАР ВОЖАҲОИ ТУРКӢ

Хушбахтона, забони тоҷикӣ дар давоми умри тӯлонии худ бо вуҷуди таҳаввулоти ҷиддию сиёсии зиёди таърихӣ, на ин ки маҳв нагардид, балки бо мурури замон дар Эрону Афғонистон, қисматҳои Покистону Ҳиндустон, Туркистон, Осиёи Миёна ва ҳудудҳои Қавкозу Қошғари Чину баҳри Хазар густариш ёфта, ба мақоми баланди илмию фарҳангӣ ва таърихӣ расида, ҳамчун забони байналмилалии муоширати байни халқу миллатҳои гуногун хизмат намудааст. Мақсади мақола: Мақолаи илмии зери назар низ ба гузаштаи таърихии дур, мақому манзилати забони тоҷикӣ-форсӣ ва равобити илмӣ-адабиву таърихии тоҷикону туркҳоро дар бар гирифтааст. Саргаҳи дӯстии таърихии ин ду халқ қадимӣ буда, аз нахустдавраҳои пайдоиш нисбати ҳамдигар таваҷҷуҳи хоса доштаву дар рӯзҳои сахти таъриху қисмати халқ ҳамтақдир будаанд. Далелҳои қотеъ шоҳиди онанд, ки сарчашмаи забону адабиёти турк афкори солими намояндагони барӯманди забон ва адабиёти классики тоҷику форс ба шумор меравад. Натиҷаи татқиқот нишон дод ки Он ҳама хислатҳои шоистаи инсонӣ, ки шоҳкориҳои адабиёти классикони мо ба тараннуми он нигаронида шудааст, ба мисли накӯкорӣ, ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, кӯмак ба ғарибу афтодаҳо, бо мурури асру солҳо, аввалҳо ба тавассути назму осори илмии Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайёму Румӣ, Зоконӣ ва Ҷомӣ, Навоӣ, Насимӣ барин арбобони адабу маънӣ ба саҳнаи адабу маърифати Туркия роҳ ёфта, дар камолоти маънавӣ ва фарҳанги мардуми он, хоса аҳли қаламу адаб нақши муҳим бозидаанд. адибони турк ба таври худ аз таҷрибаи ҳазорсолаи забону адабиёти форсу тоҷик омӯзиши эҷодӣ ба амал овардаанд. Ба ҳамин хотир, садсолаҳо паси сар шудаанду забони ноби тоҷикӣ то ҳоло вирди забони мардуми турк қарор мегирад, ки мисоли гуфтаҳои болоро равшан месозад.

Сведения

Опубликовано
2022 · № 1 (96)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни