Central AsianResearch Index

ВРОЖДЁННЫЕ АНОМАЛИИ РАЗВИТИЯ ПОПЕРЕЧНОГО ОТРОСТКА VII ШЕЙНОГО ПОЗВОНКА

Дар ин кор омӯзиши паҳншавии сохтори анатомию морфологии шохчаи кундалангии муҳраи ҳафтуми гардан ( C7 ) дар асоси маълумоти тадқиқоти рентгенологӣ ва томографияи компютерӣ (КТ)-и қисми гарданию синагии сутунмӯҳра анҷом дода шудааст. Ба тадқиқот 949 рентгенограмма ва 102 натиҷаи КТ, ки аз донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар солҳои 2022 ва 2025 ба даст оварда шудаанд, дохил карда шуданд. Сохтори муқаррарӣ ва шаклҳои вариантии C7 , аз ҷумла гипертрофия , дарозшавии шохчаи кундалангӣ (типҳои I ва II) ва қабурғаҳои гардан арзёбӣ гардиданд. Муайян карда шуд, ки сохтори муқаррарии C7 дар 64,0% ҳолатҳо дучор мегардад, дар ҳоле ки тағйироти морфологӣ дар 36,0% шахсони муоинашуда ошкор шуданд. Аномалияи бештар дучоршаванда гипертрофияи шохчаи кундалангӣ мебошад (26,2%); нисбатан камтар дарозшавии шохчаи кундалангӣ (8,4%) ва қабурғаҳои гардан (1,4%) ба қайд гирифта шуданд. Маълумоти бадастомада басомади баланди шаклҳои анатомии C7 ва аҳамияти клиникии онҳоро дар ташхиси нурӣ ва баҳодиҳии синдроми апертураи қафаси сина нишон медиҳанд.

Сведения

Опубликовано
2026 · Т. 10, № 2
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Русский
ISSN
3107-2356
Издатель
Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан