Central AsianResearch Index

ВОЖАҲОИ МАРБУТ БА ХӮРОК ДАР ЛУҒАТҲО ВА ПАРЕМИЯҲОИ ЗАБОНҲОИ ТОҶИКӢ, РУСӢ ВА АНГЛИСӢ

Муаллиф зимни таҳлилу таҳқиқи маводи омоданамуда кӯшиш ба харҷ додааст, то аз сарчашмаҳо ва бурҳонҳои амиқи илмӣ истифода намояд. Аксари зарбулмасалу мақол, воҳидҳои фразеологӣ дар илми забоншиносӣ бо гурӯҳе ифода ёфтаанд, ки мо онро «насл» меномем. Аз қадимулайём фарзандон як қисми муҳими (қариб маънои) ҳаёти тоҷикон буданд: зани бебача - дарахти бемева (бездетная женщина - бесплодное дерево), зеро оила ҷузъи таркибии он мебошад: оилаи бефарзанд - дарахти бемева - семья без детей - дерево без плодов. Ибораҳои зерин аз муносибати эҳтиромона ба фарзандон ва муҳаббати хоса нисбат ба наберагон сухан мегӯянд: асал ширин, аз асал ҳам бача ширин - сладок мёд, а дитя слаще мёда; бача - донак, набера- мағзи донак - дитя - косточка, внук/внучка - ядрышко в косточке. Дар раванди омӯзиш ва таҳлили мақолаи мазкур дарҷ гардидааст, ки мазмуни маъноии хӯрок наонқадар васеътар аст: ба ғайр аз хӯрок , таом, хӯроки тайёр, истеъмоли хӯрок он метавонад инчунин бо сифати хӯроки чорво низ кор фармуда шавад, хӯроки ширӣ, хушк, гуштӣ ҳамроҳ шуда, ба феъл мубаддал мешавад: хӯрок додан, хурдан, сер кардан. Инчунин аз хӯрок калимаҳои ҳосилшуда бештаранд. Воситаҳои хӯрок ва ғизо маънои хӯрок , таом ва ғизо доданро ба ҳам мепайвандад”.

Сведения

Опубликовано
2023 · № 3 (104)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни