ВОЖАҲОИ ИФОДАГАРИ СИЛОҲИ ҷАНГӢ ВА АСЛИҲАИ қАЛЪАКӯБ ДАР «ХАМСА»-И НИЗОМИИ ГАНҷАВӢ
Луготи ифодакунандаи номи аслиҳа, техникаи ҳарби ва аслиҳаи дар «Хамса» («Панҷгона»)-и Низомии Ганҷави таҳлил шудааст. Муносибати мутақобилаи сюжети «Хамса» ва лексикаи дар он истифодашуда мавриди барраси қарор гирифтааст. Дар манзумаҳои ишқии Низоми, масалан, дар «Лайливу Маҷнун» ва «Хусраву Ширин» вожаҳои ҳарби нисбатан кам ба назар мерасанд, дар «Искандарнома» бошад, ин гуна вожаҳо бештар ба кор рафтаанд. Дар ашъори Низоми номҳои аслиҳаҳое истифода шудаанд, ки асосан ба забонҳои аслии тоҷики (дурбош, дашна) ва араби (синон, ханҷар ) мансуб мебошанд. Дар байни номҳои аслиҳа, ки дар ”Хамса” корбаст шудаанд, вожаи ”манҷаник”-и юнони низ мавҷуд аст. Дар асоси маълумоти этимологии дар поварақи «Бурҳони қотеъ» оид ба манҷаниқ овардаи доктор М.Муин ба хулосае омадан мумкин аст, ки мураттибони «Фарҳанги забони тоҷики» баргалат ин вожаро тоҷики пиндоштаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2021 · № 4 (89)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП