Central AsianResearch Index

ВОЖАҲОИ ИФОДАГАРИ НОМИ ГИЁҲ ВА ГУЛҲО ДАР «ХАМСА»-И НИЗОМИИ ГАНҶАВӢ

Бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ вожаҳои ифодагари номи гиёҳ ва гулҳо дар “Хамса” -и Низомии Ганҷавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.Таъкид гардидааст, ки байни номҳои сершумори гиёҳу гулҳо ҳамагӣ се вожаи иқтибосӣ-калимаи арабии райҳон , вожаи юнонии наргис ва калимаи ҳиндӣ-юнонии қаранфул мавҷуд асту халос. Зикр шудааст, ки аксарияти номи гиёҳу гулҳо дар достони “Лайлӣ ва Маҷнун”, махсусан дар фасли “Рафтани Лайлӣ ба сайри боғ” дучор мешавад, ки иртибот ба мундариҷаи он дорад.Таҳлили маъноӣ ва сохтории лексикаи мазкур сурат гирифтааст. Хулоса шудааст, ки дар “Хамса” асосан номҳои тоҷикӣ (форсӣ)-и гулҳо корбаст шудаанд, ки то ҳол дар забони муосири тоҷикӣ (форсӣ) роиҷ мебошанд.

Сведения

Опубликовано
2023 · Т. 95, № 2
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП