Central AsianResearch Index

ВОЖАҲОИ ИФОДАГАРИ НАБОТОТ (ДАРАХТОНИ МЕВАДОР) ДАР «ХАМСА»-И НИЗОМИИ ГАНҶАВӢ

Дар илми забоншиносии тоҷик бори аввал вожаҳои ифодагари дарахтони мевадиҳандаи “Хамса”-и Низомии Ганҷавӣ ба риштаи таҳлил кашида шуда, мавқеи онҳо дар сужаи достонҳои “Панҷ ганҷ” нишон дода шудааст. Номвожаҳои аз “Хамса” гирдоварда дар панҷ гурӯҳ дастабандӣ гардидаанд: 1) номи дарахтон; 2) номи гулҳо; 3) номи гиѐҳҳо; 4) номи ғалладонаҳо; 5) номи полезиҳо. Таъкид гардидааст, ки аксари вожаҳои марбут ба набототро калимаҳои аслан тоҷикӣ ташкил мекунанд ва дар байни онҳо вожаҳои иқтибосӣ банудрат дучор мешаванд. Таҳлили ин захираи луғавӣ собит менамояд, ки дар таркиби луғавии «Хамса» беш аз ҳама ҳамон вожаҳои ифодагари дарахтони мевадор истифода гардидааст, ки онҳо дар Мовароуннаҳру Хуросон нашъунамо меѐбанд ва дар забони форсии тоҷикии ин манотиқ, аз ҷумла, Тоҷикистон то кунун мавриди истифодаи васеъ қарор доранд. Ин аз ҷумлаи далоиле аст, ки Низомии Ганҷавӣ намояндаи воқеии ин манотиқ буда, забони модарии вай форсии тоҷикист.

Сведения

Опубликовано
2022 · Т. 91, № 2
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП