ВОЖАҲО, ИБОРАҲО ВА МАҚОЛҲОИ ИФОДАГАРИ ЭҲТИРОМ ДАР ЗАБОНҲОИ АНГЛИСӢ ВА ТОҶИКӢ
Дар ин мақола намунаҳои вожа , ибора ва мақолҳои ифодагари эҳтиром дар забони англисӣ бо муродифҳои тоҷикиашон баррасӣ ва таҳлил гардида, бо мисолҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтаанд. Ба маънии вожаҳо дар давраҳои гуногун диққати махсус дода шуда, ҳолатҳои истифодабарии онҳо дар замони муосир ҳамаҷониба мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Мо ибораи “забони ширин” (“гуфтори нек”)-ро метавонем ба унвони “сарчашмаи эҳтиром ” қабул намоем, зеро беҳуда нест, ки башарият ҳазорҳо сол боз вожаро чун оғози офариниш парастиш менамояд. Мисолҳои дар боло овардашуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳам забони англисӣ ва ҳам забони тоҷикӣ аз мақолу зарбулмасалҳо хеле бой мебошанд, ки бо воситаи онҳо мо метавонем изҳори эҳтиром ба ашхоси касбу кори гуногун дар мавзуъҳои мухталиф ифода созем. Калимаҳо, ибораҳо ва зарбулмасалҳое, ки эҳтиром ба осори таърихиро ифода мекунанд, дар давраҳои гуногуни рушди тамаддуни башарӣ, ки барандагони онҳо миллатҳои императорӣ, аз ҷумла халқҳои тоҷику англис буданд, ба вуҷуд омадаанд, ки дар мақолаи мазкур мавриди омӯзиш қарор гирифтанд. Тадқиқоти онҳо дар оянда ба инсоният дар ҳалли мушкилоти мухталиф дар ҳолатҳои бӯҳронӣ, ки одатан дар натиҷаи беэҳтиромӣ дар ҷомеа, чӣ дар байни шахсони алоҳида ва чӣ дар байни давлатҳо пайдо мешаванд, кӯмак хоҳад кард.
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · № 1 (102)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни