ВОСИТАҲОИ НАҲВИИ ИФОДАИ САВОЛ ДАР ЗАБОНҲОИ ТОҶИКӢ ВА АНГЛИСӢ
Дар мақола воситаҳои наҳвии ифодаи савол дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шудаанд. Муаллиф дар он оид ба вазифа ва ҳадафҳои корбурди ҷумлаҳои саволӣ ибрози ақида намуда, аҳамияти онҳоро дар талаб кардани маълумот, тасдиқ ва ё инкор кардани изҳорот ва равшанӣ андохтан ба ягон рукни гуфтор, аз ҷумла водор сохтани шунаванда ба интихоб намудани яке аз ду мафҳум таъкид менамояд. Дар мақола ҳамчунин қолабҳои махсуси ҷумлаҳои саволӣ , оҳанги саволӣ дар ду забон, умумият ва тафовути онҳо нишон дода шудаанд. Барои ин мақсадҳо муаллифи мақола ба ақидаҳои олимони забоншиноси тоҷик ва хориҷӣ такя менамояд. Ақидаҳо муҳаққиқони ҷудогона роҷеъ ба таснифоти ҷумлаҳои саволӣ дар забонҳои мавриди таҳлил низ ба асос гирифта шудаанд. Вижагиҳои ҷумлаҳои саволӣ дар ду забон бо мисолҳои мушаххас аз адабиёти бадеӣ асоснок карда шудаанд. Вижагиҳои маъноии ҷумлаҳои саволӣ аз қабили ифодаи тааҷҷубу ҳайрат ва ғайра аз масъалаҳои дигари мавриди таҳлили мақолаи мазкур мебошанд. Дар мақола ба роҳҳои ифодаи ҷумлаҳои саволӣ аҳамияти ҷудогона зоҳир карда шудааст. Дар забони англисӣ ифодаи ёфтани саволҳои махсус ба воситаи ёридиҳандаҳи дастурӣ, саволҳои иттилоотӣ дар мақола хуб ба назар мерасад. Дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ дар ифодаи саволҳои махсус нақши ҷонишинҳои саволӣ ва зарфҳои ҷонишинӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Дар интиҳо зикр гардидааст, ки яке аз воситаҳои наҳвии ифодаи савол дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ оҳанги талаффуз маҳсуб меёбад.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 4 (117)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни