Central AsianResearch Index

ВОҲИДҲОИ ЛИНГВОФОЛКЛОРИСТӢ БО НОМ ВА СИФАТҲОИ ХУДО ДАР ЭҶОДИЁТИ ХАЛҚИ САРИ ХОСОР

Дар мақолаи мазкур муаллиф роҷеъ ба баъзе воҳидҳои лингвофолклористӣ дар забони тоҷикӣ, аз ҷмула дуо , қасам (савганд), шогун, зарбулмасал ва чистон ҳамчун жанрҳои фолклорӣ сухан меронад. Омӯзиши ин масъаларо аз ҷониби фолклоршиносони тоҷик ва хориҷӣ, истифодаи ном ва сифатҳои Худоро дар дини насронӣ, дини ислом ва китобҳои исломӣ баён мекунад. Азбаски мавзуи омӯзишу баҳси мазкурро таҳлили забонии жанр ва матнҳои фолклорӣ дар бар мегирад, аз ин рӯ, муаллиф калимаҳо, истилоҳот, таркиб, ибора, ифода ва ҷумлаҳоро дар таҳлилии лексикӣ, фразеологӣ, морфологӣ ва синтаксисӣ воҳидҳои лигвовофолклористӣ ном бурдааст: воҳидҳои лингвофолклористие, ки бо истифода аз ном ва сифатҳои Худо ташаккул ёфтаанд. Баъдан муаллиф истифодаи ном ва сифатҳои Худо , ба мисли Аллоҳ , Оллоҳ, Худо ва Худовандро дар забони матнҳои фолклории Сари Хосор, ки тавассути калимаҳо, таркиб, ибора, ифода ва ҷумлаҳо дар жанрҳои фолклории дуо , қасам (савганд), шогун, зарбулмасал ва чистон омадаанд, бо мисолҳо аз «Очеркҳои эҷодиёти даҳанакии Кӯлоб» шарҳ медиҳад. Омӯзишу таҳлили лингвофолклористии матнҳои эҷодиёти халқи Сари Хосор собит сохтааст, ки истифодаи ном ва сифатҳои Худо дар воҳидҳои фолклорию забонии номбаршуда бештар аз 50 мавридро дар бар мегиранд.

Сведения

Опубликовано
2023 · № 1 (102)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни