ВИЖГИҲОИ ИСТИФОДАИ КУҲАНВОЖАҲО ДАР РОМАНИ “СЕ РӮЗИ ЯК БАҲОР”-И САТТОР ТУРСУН
Вижагиҳои истифодаи куҳанвожаҳо дар романи “Се рӯзи як баҳор” -и Саттор Турсун баррасӣ шудааст. Зикр гардидааст, ки аксари куҳанвожаҳои дар асар истифодашуда, ба мисли амир, қозӣ, мударрис, бойбача, куффор, чоряккор, раият, канизак, ғулом, калтакдорон, колхоз, камсамол, райком, партиявӣ, ғавшод, муғиёнӣ, фӯта, сикка, таноб, фарсах, алача (алоча), муздур ва ғ. хусусияти гуногуни иҷтимоӣ, сиёсӣ, суннативу этникӣ доранд ва ба гуруҳи луғатҳои нофаъол дохил мегарданд. Қабати луғавии вожаҳои таърихии романи Се рӯзи як баҳор” ба ду гуруҳ ҷудо карда шудааст: вожаҳои таърихии вобаста ба даврони то инқилоби Бухоро; вожаҳои таърихии пас аз замони инқилоби Бухоро. Хулоса шудааст, ки нависанда дар тасвири манзара ва офаридани образҳои қаҳрамонони асар куҳанвожаҳоро бо маҳорати ҳайратангез истифода кардааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · Т. 102, № 1
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП