Central AsianResearch Index

ВИЖАГИҲОИ ЗУҲУРИ ТАКРОР ДАР ЗАБОНҲОИ ГУНОГУНСОХТОР

Масъалаҳои умумии такрор дар забонҳои сохти грамматикиашон гуногун аз рӯи маводи русӣ, англисӣ ва забонҳои алоҳидаи оилаи туркӣ, аз ҷумла забони ӯзбекӣ баррасӣ шудааст. Зикр шудааст, ки такрор яке аз сарчашмањои муњимми такмили таркиби луѓавии забон буда, ба нависанда ва гўянда имкониятњои васеи баѐни фикру мулоњиза, ифодаи њиссиѐт ва обурангдињиро фароњам меоварад. Дар баробари ҳодисаҳои градатсия , параллелизм, антитеза, хиазма такрор ба сифати воситаи тақвияти таъсирбахшии на танҳо нутқи образноки бадеӣ, балки нутқи гуфтугӯии маъмулӣ низ хизмат мекунад.Зарурати таҳлили муқоисавии забонҳо на танҳо барои аз худ кардани забони хориҷӣ, балки барои амиқтар омӯхтани вижагиҳои забони модарӣ таъкид шудааст. Зикр мегардад, ки бо ѐрии такрор фикри муаллиф мушаххас карда мешавад, маънои калима бошад тақвият меѐбад. Дар аксари забонҳои ҷаҳон такрор чун нишондиҳандаи категорияи граматикии ҷамъбандии исм, дараҷаи олии сифат ва ғайруҳу баромад мекунад.

Сведения

Опубликовано
2022 · Т. 91, № 2
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП