ВИЖАГИҲОИ ҶУМЛАҲОИ УНВОНӢ ВА ЭЛЛИПТИКӢ ДАР ЗАБОНҲОИ АНГЛИСӢ ВА ТОҶИКӢ
Ҷумлаҳои унвонӣ ва эллиптикӣ дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ ба таври муқоиса мавриди омӯзиш қарор дода шудааст. Зикр шудааст, ки ҷумла воҳиди асосии синтаксис буда, дорои омилҳои хоси ифода мебошад. Мувофиқи андешаҳои олимонзабоншиносон ҷумла ҳамоиши ду ва ё зиёда калимаҳое (баъзан як калима) ба шумор меравад, ки аз рӯи маънои луғавӣ ба ҳам мувофиқат карда, тавассути воситаҳои грамматикӣ ва луғавӣ ифода карда шуда, оҳанги муайян дорад, дорои категорияи предикативият буда, барои муошират хизмат мекунад. Хулоса шудааст, ки фарқи байни ҷумлаҳои унвонӣ ва эллиптикӣ дар он аст, ки ҷумлаҳои унвонӣ ҷумлаи пурраро бо феъл дар бар гирифта, субъект ё предметро ифода мекунад, ҷумлаҳои эллиптикӣ бошанд, танҳо як қисми ҷумларо бидуни феъл дар бар мегирад ва дар асоси контекст ифода карда мешавад.
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · Т. 97, № 4
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП