ВИЖАГИҲОИ ТАСВИРИ ОЛАМИ БОТИНИИ ОШИҚ ДАР ҒАЗАЛИЁТИ САЪДӢ
Зикр шудааст, ки дар ғазалиёти Саъдӣ матолиб ва мазомини ишқӣ бо тасвири манзараи махсуси авотифи қалбиву равонӣ матраҳ гардидааст. Саъдӣ олами ботинӣ ва ҳолоти қалбию равонии ошиқро, ки дар вазъиятҳои мухталиф қарор мегирад, хеле хуб эҳсос мекунад ва, муҳиммаш тобишҳои нозуктарини онҳоро бо устодии махсус тасвир мекунад. Ҳолати ошиқ чун эҳсоси ботиние тасвир мешавад, ки шахсияти шоир ба он ғӯтавар гардидааст. Таъкид гардидааст, ки дар ғазалҳои Саъдӣ ҳарчанд ду навъи ишқишқи заминиву воқеӣ ва ишқи ирфонивӣ ба назар мерасад, аммо, басомади омории корбурди ишқи воқеӣ дар ғазалиёти шоир басо зиёдтар аст. Бо шоҳидҳои сершумор собит карда шудааст, ки дар эҷодиёти шоир ғазалҳои зиёде ба чашм мерасанд, ки ба мавзуи фироқ, ҳиҷрон, ҳасрату дарди ошиқ бахшида шудаанд. Чунин ғазалҳо аксаран қофияҳои “орӣ/рӣ”, “ӯй”, радифҳои “шудам”, “аст”, “мебарӣ”, “ман” доранд.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · Т. 105, № 4
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП