Central AsianResearch Index

ВИЖАГИҲОИ ТАШАККУЛ ВА ИНКИШОФЁБИИ РОБИТАҲОИ ГУНОГУНҶАНБАИ ТОҶИКИСТОН БО ЛЮКСЕМБУРГ

Натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ роҷеъ ба комёбию дастовардҳо дар масири рушди ботадриҷи робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо Люксембург тайи 33 соли муносибатҳои дипломатӣ инъикос гардидааст. Бо истинод ба далелҳои муътамад аҳаммияти таконбахшии муносибатҳо бо кишвари аз нигоҳи иқтисодӣ, саноатӣ ва технологӣ пешрафтаи Люксембург таъкид шудааст. Бахусус анҷом ёфтани сафарҳои расмию кории сатҳи олию баланд, вохӯриҳои дипломатҳои олирутба, аз ҷумла ҳамкориҳои зич дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва иттиҳодияҳо, аз қабили СММ, САҲА, ИА ва ғайра боиси ба марҳилаи тоза ворид шудани раванди густариши муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Люксембург гардиданд. Таъкид шудааст, ки барои ташвиқи минбаъдаи муносибатҳои судманди сиёсӣ-дипломатӣ бо Люксембург дар марҳилаи кунунӣ, пеш аз ҳама, таъйини сафирони ғайримуқим дар Душанбеву Люксембург , таъсис ва ташкили кори мунтазами абзори машваратҳои сиёсии байниидоравӣ, омӯзиши имкониятҳои табодули сафарҳои мақомдорони ду кишвар, барқарории сафарҳои мутақобилаи сатҳи олӣ ва рушди робитаҳои иқтисодӣ ва бонкӣ-молиявӣ тақозои замон мебошад. Зимни таълифи маводди мазкур китобҳо перомуни фаъолияти сиёсати хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нашрияҳои Вазорати корҳои хориҷӣ, маълумотномаҳои марбута, инчунин дигар матолиби электронии дохилию хориҷӣ ва омору хабарҳои матбуотӣ истифода шудаанд.

Сведения

Опубликовано
2025 · Т. 102, № 1
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП