ВИЖАГИҲОИ СОХТОРИИ ВОҲИДҲОИ ТУФАЙЛӢ ДАР НАСРИ МУОСИРИ ТОҶИК
Муаллифи мақола оид ба сохти грамматикии як навъи воҳидҳои иловагии ҷумла – воҳидҳои туфайлӣ мулоҳиза ронда, вижагиҳои сохтории ин воҳидҳоро дар асоси маводи насри бадеӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додааст. Дар шакли калима, таркиб, ибора, ҷумлаҳои содаи яктаркибаву дутаркиба ва ҷумлаҳои мураккаб ифода шудани онҳоро бо мисолҳои возеҳ аз насри муосири тоҷик нишон додааст. Инчунин, заминаи морфологии калима ва таркибҳои туфайлиро муайян намуда, ба вазифаи онҳо омадани ҳиссаҳои гуногуни нутқ, аз ҷумла исм, сифат, шумора, ҷонишин, зарф, ҳиссачаҳо, баъзе шаклҳои феълӣ ва нидоҳо бо мисолҳои равшану возеҳ нишон дода шуда, бештар ба ин вазифа омадани зарфу ҳиссачаҳо таъкид гардидааст. Хелҳои ибораҳои туфайлиро аз ҷиҳати алоқаи ҷузъҳо – изофӣ, вобастагӣ, изофию вобастагӣ, ҳамроҳӣ низ муайян намуда, дар асоси мисолҳо аз асарҳои нависандаҳои муосири тоҷик – Сорбон, Шодон Ҳаниф, Аброри Зоҳир, Иноят Насриддин, Баҳманёр, Абдулҳамид Самад шарҳу эзоҳ додааст. Муаллиф мавқеи барҷаста доштани ибораҳои туфайлии дар асоси алоқаи вобастагӣ ва изофию пешояндӣ бавуҷудомадаро махсус қайд намудааст. Ҷумлаҳои туфайлиро дар асоси маводи асарҳои нависандаҳои мазкур ба гурӯҳҳои ҷумлаҳои содаи яктаркиба, дутаркиба, ҷумлаи мураккаби пайвасту тобеъ тасниф ва таҳлилу баррасӣ намудааст. Дар матн дар шакли ҷумлаи содаи алоҳида омадани ҷумлаҳои туфайлӣ низ таъкид шуда, бештар дар гуфтугӯйи қаҳрамонон истифода шудан, муносибати эҳсосӣ, баҳодиҳӣ ва модалии суханро пурзӯр намудани онҳо зикр гардидааст. Бештар дучор шудани ҷумлаҳои туфайлии содаи яктаркиба ва дутаркиба нисбат ба ҷумлаҳои мураккаб таъкид шудааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · Т. 11, № 3 (соц.-гум.)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3078-395X
- Издатель
- Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан