ВИЖАГИҲОИ ШАРҲИ РЕШАИ УНСУРҲОИ ЛУҒАВӢ ДАР «ҒИЁС-УЛ-ЛУҒОТ»
Қайду ишораҳои этимологӣ дар фарҳангномаҳои қуруни вусто , дар мисоли фарҳангномаи «Ғиёс-ул-луғот»-и Ромпурӣ (асри XIX) баррасӣ шудааст. Зикр гардидааст, ки муаллифони фарҳангномаҳои қуруни вусто дар бораи пайдоиши унсурҳои луғавӣ, таркиби овоию морфологӣ, сарчашмаи иқтибоси калима аз як забон ба забони дигар маълумоти ҷолиб меоранд. Таъкид гардидааст, ки баъзе шарҳҳои этимологии фарҳангнома ба мақолаҳои алоҳида шабоҳат доранд, ки дар онҳо унсури луғавӣ мавриди таҳлили муфассал қарор гирифтааст. Дар фарҳанги “Ғиёс-ул-луғот» ду навъи ташреҳи этимологӣ: илмӣ ва халқӣ вуҷуд дорад. Хулоса шудааст, ки дар фарҳангномаҳои форсизабони ҳиндӣ, ба хусус «Ғиёс-ул-луғот» бо вуҷуди камбудиҳои дар он ҷойдошта маводи фаровони таваҷҷуҳро ҷалбкунанда мавҷуд аст.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · Т. 102, № 1
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП