ВИЖАГИҲОИ СЕМАНТИКӢ ВА ФУНКСИОНАЛИИ МОДАЛИИ СИҒАИ АМРӢ ДАР ЗАБОНҲОИ ТОҶИКӢ ВА АНГЛИСӢ
Семантика ва функсияи модалии сиғаи амрӣ дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ баррасӣ шудааст. Ҷанбаҳои умумӣ ва хоси истифодаи амри иҷозатӣ, маслиҳатӣ, ҳушдордиҳанда ва ҳадафманд ба риштаи таҳлил кашида, фарқҳои грамматикӣ, семантикӣ ва прагматикии онҳо нишон дода шудаанд. Натиҷаҳои таҳқиқ нишон медиҳанд, ки сиғаи амрӣ на танҳо воситаи фармон аст, балки амале барои роҳнамоӣ, иҷозат додан ва ҳушдор додан низ мебошад. Дар раванди таҳқиқ муайян гардид, ки гарчанде сиғаи амрӣ дар ҳар ду забон хусусиятҳои умумии семантикӣ ва функсионалӣ дорад, воситаҳои грамматикӣ ва шаклҳои ифодаи он аз ҳам фарқ мекунанд. Дар забони англисӣ истифодаи шакли холиси амр, феълҳои модалӣ ва сохтҳои нимамрӣ нақши муҳим мебозад, дар ҳоле ки дар забони тоҷикӣ маънои амрӣ бештар тавассути шаклҳои феълӣ, пайвандҳои мақсаднок ва воситаҳои синтаксисӣ ифода мегардад.
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · Т. 106, № 1
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП