ВИЖАГИҲОИ МУОШИРАТИ ҒАЙРИВЕРБАЛИИ ТОҶИКӢ
Зикр шудааст, ки муоширати ғайривербалӣ дар одоби муҳоварати тоҷикӣ аз муҳимтарин масоили таҳқиқӣ дар забоншиносии тоҷик ба ҳисоб меравад. Саҳми муҳаққиқони хориҷӣ дар таҳқиқи вижагиҳои муоширати ғайривербалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дар заминаи тадқиқоти аз ҷониби муҳаққиқон анҷомшуда, вижагиҳои муоширати ғайривербалӣ дар одоби муҳоварати тоҷикӣ ба риштаи таҳлил кашида, собиқаи таҳқиқ, воситаҳои барқарор кардани робитаи гайривербалӣ ва нақши узвҳои инсон ва амалу ҳаракоти инсон, аз ҷумла имову ишора , мимика , табассум , чашмакӣ задан таҳқиқ шудааст. Бори аввал собиқаи таърихӣ доштани муоширати ғайривербалиро дар одоби муҳоварати тоҷикӣ ба исбот расидааст. Вобаста ба мақсади робита навъҳои муоширати ғайривербалӣ, вижагиҳои ахлоқӣ ва вижагиҳои миллии онҳо муайян карда шудааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · Т. 104, № 3
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП