ВИЖАГИҲОИ МАЪНИОФАРӢ ТАВАССУТИ УЗВВОЖАҲО ДАР ҒАЗАЛИЁТИ АҲМАДҶОНИ РАҲМАТЗОД
Зикр шудааст, ки дар ғазалиёти Аҳмадҷони Раҳматзод бо ёрии соматизмҳо сохтани калимаҳои мураккаб аз ҷумла бо воҳидҳои лексикии чашм, абрӯ, даст, пой, дил, ҷигар, тан, руҳ ва ғайра, ки дар ташаккули конструксияҳои мураккаби образнок нақши муҳим мебозанд, мавқеи махсусро ишғол мекунад. Шоир вожаҳои мураккаберо, ки бо корбурди соматизмҳо сохта шудаанд, ҳам ба маънои аслӣ ва ҳам ба маънои маҷозӣ истифода бурдааст. Мураккабвожаҳои дорои ҷузъи соматикиро дар осори Аҳмадҷони Рахматзод метавон ба ду гурӯҳ ҷудо намуд: 1. Мураккабвожаҳои дорои ҷузъи соматикӣ, ки танҳо дар осори ӯ вомехӯранд, яъне самараи тахайюли эҷодии шоир мебошанд. 2. Мураккабвожаҳои дорои ҷузъи соматикӣ, ки дар осори шоирони пешин ва муосир низ ба чашм мерасанд. Таъкид гардидааст, ки калимаҳои мураккаби гурӯҳи дуюм дар ғазалиёти Аҳмадҷони Раҳматзод дар аксар маврид тобишҳои махсуси маъноӣ пайдо кардаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · Т. 103, № 2
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП