Central AsianResearch Index

ВИЖАГИҲОИ КОРБУРДИ САНЪАТИ ТАЛМЕҲ ДАР ОСОРИ КИСОИИ МАРВАЗӢ

Вижагиҳои истифодаи санъати бадеии талмеҳ дар эҷодиёти шоири маъруфи нимаи дувуми садаи Х – аввали асри ХI Кисоии Марвазӣ баррасӣ шудааст. Зикр гардидааст, ки дар эҷодиёти шоир санъати талмеҳ аз ҷиҳати чандомади корбаст баъди санъати ташбеҳ ҷойи дувумро ишғол мекунад. Намунаҳои санъати талмеҳи дар эҷодиёти Кисоӣ корбастшударо ба тариқи зайл тасниф кардан мумкин аст: а) талмеҳоти мазҳабӣ, ки ба вақоеи зиндагии Алӣ ибни Абутолиб ва муҳорибаи Карбало (12 октябри соли 680) ишора мекунанд; б) талмеҳ ба асомии қаҳрамонони достонҳои ишқии асарҳои адабиёти араб, аз ҷумла Лайлӣ, Юсуф ва Зулайхо, Саъд ва Асмо, Урва ва Афро; в) талмеҳоте, ки ба вақоеъ ва қаҳрамонони қабл аз исломи Эрон ишора мекунанд. Дар иртибот бо он нукта, ки шоир пайрав ва мубаллиғи фаъоли мазҳаби шиа буд, қисми асосии талмеҳоти эҷодиёти ӯро талмеҳоти мазҳабӣ ташкил мекунанд. Таъкид шудааст, ки аксаран шоир санъати талмеҳро бо санъатҳои ташбеҳ , муболиға , саҷъ ва ташхис корбаст кардааст.

Сведения

Опубликовано
2024 · Т. 99, № 2
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП