ВИЖАГИҲОИ КОРБАСТИ КАЛИМАҲОИ ГӮЙИШИИ ИФОДАКУНАНДАИ АСБОБҲОИ РӮЗГОР ДАР НАСРИ СОРБОН
Вижагиҳои корбасти аносири гӯйишии мансуб ба асбобҳои рӯзгор дар осори Сорбон ба доираи таҳлил кашида шудааст. Зикр гардидааст, ки то ҳол дар лаҳҷашиносии тоҷик бахшида ба хусусиятҳои истифодаи калимаҳои гӯишӣ дар осори Сорбон ва таҳлили муқоисавии онҳо бо лаҳҷаҳои гуногуни тоҷикӣ таҳқиқи алоҳида сурат нагирифтааст. Таҳлили осори Сорбон ва муқоисаи он бо маводди лаҳҷаҳои муосири ҷанубиву шимолии тоҷикӣ нишон медиҳад, ки як қисми чунин унсурҳои луғавӣ гоҳ ба ҳамон шакли дар осори Сорбон зикршуда, гоҳ ба гунаи тағйирёфта ва гоҳ бо таҳаввулоти маъноӣ боқӣ мондаанд. Чунин хелҳои таҳаввулот дар ин гуна воҳидҳои луғавӣ баробар рӯй надода, дигаргунии шаклӣ бештар, аммо таҳаввулоти маъноӣ камтар ба вуқуъ омадаанд. Таъкид гардидааст, ки ҳарчанд дар осори Сорбон калимаҳои лаҳҷавии минтақаҳои шимолӣ бештар истифода шудаанд, дар мавридҳое, ки қаҳрамонҳои асар аз минтақаҳои ҷануб, ҷанубу шарқӣ ва ё марказии гӯйишҳои тоҷикон интихоб шудааст, ӯ ногузир калимаҳои мансуби ин минтақаҳо ба кор мегирад. Ҳамчунин қайд мегардад, ки суханвар аз гунанокии калимаҳои гӯйишӣ қаринаеро интихоб мекунад, ки аз лиҳози таркиби овозиву маъноӣ ба забони адабӣ наздиктар аст.
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · Т. 107, № 2
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП