Central AsianResearch Index

ВИЖАГИҲОИ ИСТИФОДАИ ҚОФИЯ ВА РАДИФ ДАР АШЪОРИ КИСОИИ МАРВАЗӢ

Вижагиҳои истифодаи қофия ва радиф дар ашъори яке аз намояндагони маъруфи адабиёти охири давраи Сомониён ва аввали аҳди Ғазнавиён Кисоии Марвазӣ ба риштаи таҳлил кашида шудааст. Қайд гардидааст, ки дар бораи вижагиҳои корбурди қофия ва радиф дар ашъори Кисоии Марвазӣ таҳқиқи алоҳидае анҷом наёфтааст. Дар ашъори Кисоӣ аз 25 навъи қофияи муайяннамудаи адабиётшиноси номӣ Баҳром Сирус 8 навъи он, аз ҷумла қофияи муқайяд бо намудҳояш, қофияи мутлақ ва навъҳои он, қофияи ҷалӣ корбаст шудааст. Инчунин шоир аз қофияҳои дарунӣ, бино ба таъкиди Муҳаммадризо Шавеии Кадканӣ “ қофияи муаккад ” фаровон корбаст намудааст, ки боиси тақвияти мусиқияти шеър ва оҳангнокии он гаштааст. Истифодаи радифҳои содаи феълӣ дар 7 маврид муайян карда шудааст.

Сведения

Опубликовано
2025 · Т. 104, № 3
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП