ВИЖАГИҲОИ ИНТИХОБИ МАТНҲО АЗ ОСОРИ КЛАССИКОН ДАР ТАЪЛИМИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
Мақола ба мавқеи матни классикӣ дар таълими забони тоқикӣ бахшида шудааст. Муаллиф кўшидааст, ки диққати омўзгорони забони тоҷикиро ба интихоби матни осори классикони тоҷик ҳамчун воситаи муҳимми баланд бардоштани маданияти нутқи хонандагони синфҳои боло, аз ҷумла, баёни фасеҳ, образнок ва муассир ҷалб намояд. Ҳанбаи тарбиявии матни классикӣ ҳамчун омили муҳимми таъмини ҷиҳати тарбиявии дарсҳои забон маънидод карда шудааст. Дар партави андешаҳои олимону методистони маъруф ва ва мушоҳидаҳои шахсии муаллиф матн аз лиҳози хусусиятҳои таълимӣ-методӣ ба ҷанбаҳои мазмунӣ, мантиқӣ, забонӣ (грамматикӣ), дидактикӣ ва тарбиявӣ тасниф ва маънидод карда шудааст. Ҳамчунин дар мақола сухан аз масоили корбурди матн дар нутқи мураттаби хонандагони синфҳои боло меравад.
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · № 2 (75)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2077-4990
- Издатель
- Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова