Central AsianResearch Index

Вижагиҳои асосии мафҳуми “баҳои педагогӣ”

Мақола ба таҳлили хусусиятҳои асосии мафҳуми «баҳои педагогӣ» бахшида шудааст. Маънои дигаре аз баҳо мушаххас шудааст:муайян кардани аҳамияти чизе,қазоват дар бораи чизе, муқоиса бо намуна, муайян кардани дараҷаи мутобиқат бо нақша. Алоқаи баҳои педагогӣ бо назорати педагогӣ, ташхис ва мониторинг ошкор карда шудааст. Таъкид гардидааст, ки муносибати ин мафҳумҳо дар таҳлили масъалаи муайян кардани сатҳи дастовардҳои таълимии хонандагон пайдо карда мешаванд. Вазифаҳои баҳо пешниҳод шуда, ҳадаф ва муқарраротии он дар дақиқ муайян кардани ҳадаф сатҳи донишҳои донишҷӯѐн таъин гардидааст. Маълум карда шудааст, ки санадҳои меъѐрии қабулшуда, тадқиқоти байналмилалии муқоисавӣ оид ба арзѐбии омодагии хонандагон ва натиҷаҳои тадқиқоти олимон имкон доданд, ки навъҳои баҳогузориро дар раванди омӯзиш қатъиян таъин намоянд. Намуди диагностикӣ, форматӣ ва ҷамъбастии баҳо ҳамчун навъҳои асосии арзѐбии дониш муайян карда мешаванд. Якҷоя бо усулҳои анъанавии баҳогузорӣ, муаллиф чунин усулҳои арзѐбиро ҳамчун портофилио ва усули парванда пешниҳод мекунад.

Сведения

Опубликовано
2019 · № 1 (58)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2077-4990
Издатель
Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова