Вежагиҳои тарҷумаи китоби «Шараф ун-набӣ»
Мақола ба таҳқиқи паҳлӯҳои мухталифи осори тарҷумаҳолӣ бахшида шуда, дар он омилҳои зуҳури илми сиранигорӣ ва таълифу тарҷумаи ин навъ асарҳо дар мисоли китоби “Шараф ун-Набӣ” -и Абӯсаъди Харгӯшӣ баррасӣ гардидаанд. Зикр шудааст, ки асари мазкур дар асри XII аз ҷониби Наҷмуддини Ровандӣ аз арабӣ ба форсӣ-тоҷикӣ тарҷума гашта, фарогири матолиби зиѐди илми таъриху калом, одобу ахлоқ мебошад. Собит гардидааст, ки Ровандӣ ҳини тарҷума навъи тарҷумаи маъноиро ихтиѐр намуда, ки ин ба мухтасар баргардон шудани асар мусоидат кардааст, бино бар ин талхис аз ҷониби мутарҷим зиѐд истифода ѐфтааст. Муаллифи мақола ба ин натиҷа мерасад, ки тарҷумаи «Шараф ун-Набӣ» ба унвони асари таърихиву ахлоқӣ дар адабиѐтшиносӣ маъруфияти махсус дошта, фаровон истифода шудани қиссаҳо, ривояту масал ва суханони ҳикматомез дар асар аз назари шинохти арзишҳои адабӣ ва бадеӣ низ ҷолиби таваҷҷуҳ мебошад.
Сведения
- Опубликовано
- 2019 · № 1 (58)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2077-4990
- Издатель
- Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова