Central AsianResearch Index

ВЕЖАГИҲОИ ТАЪЛИМИ АШЪОРИ ИРФОНӢ ДАР ДАРСИ АДАБИЁТ

Дар мацола аз хусуси мавқеи таълими адабиёти тасаввуф, аз ҷумла ашъори ирфонии Аҳмади Ҷом дар барнома ва китобҳои дарсии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна дар Тоҷикистон сухан рафааст. Муаллиф ҳадафи асосии таълими адабиётро парвариши завқи солими адабӣ дар хонанда, ташаккули одоби ҳамида, маҳорати сухангӯйӣ ва шиносоӣ бо бузургтарин намояндагони адабиёти гузаштаву имрӯз ва дар заминаи онњо тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳї, арҷ ниҳодан ба арзишҳои миллӣ ва монанди инҳо мањсуб медонад. Барои расидан ба ин маќсадњо бархурдории муаллимон аз масоили ирфонї, истилоҳоти динї, љањонбинии хоси суханварон ва усулњои тањлилу тафсири осори адабї муњим арзёбї гаштааст. Дар мақола аз шартҳои асосии тафсири саҳеҳи каломи манзум роҳандозии кори матншиносӣ маҳсуб дониста шуда, таъкид бар он меравад, ки ба китобҳои дарсӣ матнҳои беғалат ва дурусти ашъори шоирон интихоб карда шавад.

Сведения

Опубликовано
2023 · № 4 (77)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2077-4990
Издатель
Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова