Central AsianResearch Index

ВЕЖАГИҲОИ САНОАТИКУНОНӢ ДАР МИНТАҚАҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Вазъи истеҳсолоти корхонаҳои саноатии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавқеи онҳо дар истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо воридоти технологияҳои инноватсионӣ ва, дар ин замина, таъмини гузариш аз низоми аграрӣ-саноатӣ ба рушди саноатӣ-аграрӣ бо мақсади пешрафти иқтисоди миллӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Бо истифода аз додаҳои оморӣ нишондиҳандаҳои умумии иқтисодии соҳаи саноат , ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар минтақаҳои алоҳидаи кишвар аз рӯи баъзе намудҳои маҳсулот дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ба риштаи таҳлил кашида шудааст. Миқдори корхонаҳои саноатӣ ва ҷойгиршавии онҳо дар вилоятҳои кишвар ва шаҳри Душанбе, муаммоҳои ҷойдошта дар ин самт муайян ва пешниҳод карда шудааст. Ҳамзамон, мавқеи саноатикунонии босуръат ва имкониятҳои мавҷуда дар соҳаи саноат дар коркард намудани ашёи хоми ватанӣ, таъмини некӯаҳволии аҳолии мамлакат, бо ҷойи корӣ таъмин намудани аҳолӣ, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватаниву воридотивазкунанда ва ғайра баррасӣ гардидаанд.

Сведения

Опубликовано
2023 · Т. 97, № 4
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2411-1945 · 3005-8023
Издатель
ТГУПБП