Вежагиҳои композитсионии мақолаи публитсистӣ (дар мисоли таҷрибаи эҷодии ҳилолиён Аскар)
Дар мақола сохтори композитсионии мақолаи публитсистӣ дар заминаи таҷрибаи эҷодии рӯзноманигор ва нависандаи шинохта Ҳилолиѐн Аскар баррасӣ шудааст.Таҳқиқи қиѐсии мақолаҳои ин рӯзноманигор гувоҳи он аст, ки композитсияи мақолаи публитсистӣ ба усули таҳлилу баррасии проблемае, ки дар мақола матраҳ мешавад, вобаста аст. Тазаккур меравад, ки омили аслии шаклгирӣ ва такомули сохтори композитсионии мақолаҳои публитсистии Ҳ. Аскар пеш овардани далел ва масъалагузорист. Гуфта мешавад, ки мақолаҳои публистстии Ҳ. Аскар пеш аз ҳама ба пешгӯӣ ва арзѐбии мушкилоти иҷтимоӣ нигаронида шудаанд, ки ин имкон медиҳад, ки хонанда ҳамроҳи муаллиф дар сари масъалаҳои мавриди баҳс биандешад ва натиҷагирӣ кунад. Хулоса мешавад, ки дар мақолаҳои публитсистии Ҳ.Аскар вобаста ба навъи истифодаи равишҳои баррасии мавод метавонад композитсияи он тағйир ѐбад.
Сведения
- Опубликовано
- 2019 · № 2 (59)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2077-4990
- Издатель
- Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова