Central AsianResearch Index

ВЕЖАГИҲОИ БАДЕӢ ВА МАВЗУИИ РУБОИЁТИ САДРИДДИНИ ХУҶАНДӢ

Вежагиҳои рубоиёти Садруддини Хуҷандӣ, ки аз зумраи шоирони камтаршинохташудаи таърихи адабиёти тоҷик аст, ба риштаи таҳлил кашида шудааст. Таъкид гардидааст, то кунун наздик ба 1000 байт аз ашъори шоир тавассути маҷмӯаҳои шеърӣ, баёзу ҷунг ва таърихномаву тазкираҳо ба мо расидааст. Дарҷи ин миқдор аз осори Садруддини Хуҷандӣ дар маҷмӯаҳо далолат бар он мекунад, ки ашъори ӯ мавриди пазириш ва истиқболи мардуми он рӯзгор қарор гирифтааст. Дар миёни ашъори шоир аз ҳама бештар рубоиёти вай то замони омада расидааст. Дар маҷмӯъ, то кунун аз Садриддини Хуҷандӣ 125 рубоӣ пайдо шудааст. Агарчи барои расидан ба хулосаи ниҳоӣ дар мавриди маҳорати рубоисароии ҳар шоире баррасии ҳамаи рубоиёти он шоир муҳим аст, аммо таҳлили ҳамин миқдор аз рубоиёти Садруддини Хуҷандӣ метавонад маҳорати ӯро дар ин арса намоён созад.Зикр шудааст, ки ҳарчанд мавзуи ишқ аз меҳваритарин мавзуоти рубоиҳои Садруддини Хуҷандӣ ба ҳисоб меравад, ӯ ба масъалаҳои панду андарз, шикоят аз замон, васфи шароб ва фалсафа низ таваҷҷуҳ намудааст. Рубоиёти шоир дар ин мақола аз се ҷиҳат адаби, забонӣ ва мавзӯӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, истедоди шоир дар сурудани ин қолаби асил ва муҳими шерри форсии тоҷикӣ нишон дода шудааст.

Сведения

Опубликовано
2023 · Т. 94, № 1
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП